Таърихи фалсафаи тоҷик (фалсафаи адабиёт). Ҷ.5. Қисмҳои 1 ва 2
- Ҷумъа, Авг 06 2021
- Навидҳо
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон моҳи июли 2021 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷилди панҷуми “Таърихи фалсафаи тоҷик” (фалсафаи адабиёт) дар 2 қисм нашр намуд.
Ҷилди панҷуми “Таърихи фалсафаи тоҷик” (фалсафаи адабиёт)” дар 2 қисм масоил,оро ва афкори фалсафиро дар адабиёти форсу тоҷик аз асри IX то аввали асри XX дар бар гирифта, дар он осори намояндагони доираҳои адабии ниёгонамон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Табъу нашри таърихи панҷҷилдаи афкори асотирӣ, динӣ,фалсафӣ ва иҷтимоӣ-ахлоқии халқи тоҷик аз қадим то ибтидои асри ХХ аввалин кӯшиши таҳлилу баррасии нисбатан мукаммали мероси фарҳангии ниёгони мост. Таҳқиқоти мазкур барои файласуфон, муаррихон, диншиносон, фарҳангшиносон ва доираи васеъи хонандагон пешниҳод шудааст.